10 соли зиндон ба як корманди комиссариати ҳарбӣ

Ӯ 31 нафар шаҳрвандро фиреб дода, ба онҳо дар ҳаҷми умумии 689 ҳазору 493 сомонӣ зарар расонидааст.


Қаллобии корманди комиссариати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Акси марбута аз yandex.ru

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 “б”-и КҶ ҶТ) ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Мувофиқи ҳукми прапоршик Рустам Мирсалимовро, ҳамчунин ба мӯҳлати 3 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти  муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта маҳрум шудааст.

Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Мирсалимов аз моҳи июл то сентябри соли 2022 бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ ҷиноятҳои қаллобӣ содир намудааст. Ӯ 31 нафар шаҳрвандро фиреб дода, ба онҳо дар ҳаҷми умумии 689 ҳазору 493 сомонӣ зарар расонидааст.

Масалан, ӯ моҳи октябри соли 2022 дар бозори «Меҳргон» бо истифода аз либоси ҳарбӣ ва шаҳодатнома ба фурӯшандаи орд гуфтааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим аст, то онро ба қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим кунад.

Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115,5 ҳазор сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.