Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:2510.07.2023
Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 "б"-и КҶ ҶТ) ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Мувофиқи ҳукми прапоршик Рустам Мирсалимовро, ҳамчунин ба мӯҳлати 3 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта маҳрум шудааст.
Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Мирсалимов аз моҳи июл то сентябри соли 2022 бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ ҷиноятҳои қаллобӣ содир намудааст. Ӯ 31 нафар шаҳрвандро фиреб дода, ба онҳо дар ҳаҷми умумии 689 ҳазору 493 сомонӣ зарар расонидааст.
Масалан, ӯ моҳи октябри соли 2022 дар бозори «Меҳргон» бо истифода аз либоси ҳарбӣ ва шаҳодатнома ба фурӯшандаи орд гуфтааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим аст, то онро ба қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим кунад.
Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115,5 ҳазор сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
3 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
3 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
5 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
6 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
6 дня назад