“10 соат барқ дар як шабонарӯз”. Вазорати энергетика реҷаи “лимит”-и барқро гуфт

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз танзим шудани реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ хабар дод.

Масъулини ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аллакай реҷаи интиқоли барқро ба танзим даровардааст ва мувофиқи он ба аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд 10 соат: субҳ 3 соат (5:00 то 8:00) ва шом 7 соат (аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.

Гуфта мешавад, ки ин реҷа доимӣ набуда, имкон дорад дар оянда боз ҳам каму зиёд шавад. Ҳамзамон имсол дар давраи лимит нерӯи барқ назар ба соли гузашта 3 соат зиёд дода мешавад.

“Ба шаҳр ҳамроҳ шудему “лимит” гум нашуд”

Аммо корбарони Your.tj дар шарҳҳо менависанд, на ҳамавақт реҷа иҷро мешавад. Ҳолатҳое мешавад, ки чанд рӯз бе барқ мемонанд. Ҳатто сокинони гӯшаҳои гуногуни пойтахт аз набудани барқ шикоят мекунанд.

Акбарҷон, сокини маҳаллаи Ҳалқаҷари ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, пеш аз он ки маҳаллаашон ба шаҳр ҳамроҳ карда шавад,  дар онҳо як хатти барқи шаҳрӣ буд, ки ҳеҷ вақт хомӯш намешуд.

“Мо мегуфтем, ки агар ба шаҳр ҳамроҳ шавем, ақалан бо барқи доимӣ таъмин мешавем. Аммо баръакс шуд. Ҳарчанд чор сол мешавад, ки маҳаллаи мо ба шаҳр ҳамроҳ карда шудааст, ҳоло ҳам “лимит” ҷорӣ мекунанд”,- гуфт ӯ.

“Хонаро чӣ тавр гарм кунем?”

Манижа сокини дигари ин маҳаллаи шаҳри Душанбе аз он шикоят мекунад, ки таъмини сӯзишворӣ барои гарм кардани хона мушкил аст.

“Ҳозир ҳама чиз қимат, ҳам чуб, ҳам ангишт. Пеш гову мол буд, ки сӯзишворӣ арзонтар буд. Ақалан барқ бошад, ки бо печкаҳои барқӣ хонаҳо гарм шаванд. Дар ин сардиҳо бо кӯдакони хурдсол мушкил аст. Баъзе рӯзҳо аз соати 8-9-и субҳ барқ хомӯш мешавад ва 4-5-и бегоҳ меояд”, – мегӯяд ӯ.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки реҷаи таъминӣ аҳолӣ бо барқро танзим намоянд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар кишвар ҳанӯз аз 22-уми сентябр расман лимити барқ ҷорӣ гардид.

“Барқи тоҷик” ҳангоми эълони лимити барқ гуфта буд, “аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад ки ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода намоянд”.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика. Акс: Your.tj

Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ охири моҳи июли соли равон ба саволи хабарнигори Your.tj дар хусуси ҷорӣ шудан ва ё нашудани “лимит” дар давраи тирамоҳ ва зимистони соли 2024 гуфт, кӯшиш мекунанд, ки лимит нашавад, аммо дар баробари он аз сокинон хост, ангишт захира намоянд.

Skip to toolbar