fbpx

10 кас фавтида 13 нафар ҷароҳат бардошт. Оқибатҳои садама дар Кӯлоб

Аммо то ҳанӯз дар бораи теъдоди дақиқи ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон расман хабаре нест.


-1
-1 points
Садамаи мудҳиш дар Кӯлоби Тоҷикистон
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Тибқи иттилои як манбаъ дар садамаи даҳшатноке, ки шоми дирӯз, 6-уми агуст дар шаҳри Кӯлоб ба амал омад, 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вале то ҳанӯз дар бораи шумораи дақиқи фавтидагону осебдидагон маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Ҳодиса соати 19:30 дақиқаи рӯзи 6 август дар роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, дар назди бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб рух дод. Гуфта мешавад мошини боркаш якчанд нақлиёти сабукравро пахш намуда, ба хонаҳо бархӯрдааст.

Дар хабари ВКД Тоҷикистон омадааст, ки садама бо сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз)-и мошини боркаши тамғаи “Дулан”, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба ба амал омадааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Гуфта мешавад, автомашинаи “Дулан” якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон мегардад, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аммо то ҳол ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фвақулода дар бораи теъдоди дақиқи ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон расман хабар надодаанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки бар асари ин садама 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои ВКД, автомашинаи боркаши “Дулан” ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ доштааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, мошии боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, дар назди бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш ва ду манзили зистро тахриб кардааст.

Бо супориши президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчнуин раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудаанд.

Дар маълумоти ВКД зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend