Дар муноқишаи навбатӣ дар марзи тоҷику қирғиз як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва зиёда аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Гуфтушуниди дусоатаи раисони вилоятҳои Суғду Бодканд ба муноқиша хотима дод.
Бино ба иттилои хадамоти марзбонии Тоҷикистон муноқиша миёни сокинон рӯзи 27-уми январ, тахминан соати 17:20 пас аз маҷбуран боздоштани автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Тоҷикистон дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло аз ҷониби як гурӯҳи панҷоҳнафараи шаҳрвандони Қирғизистон оғоз шудааст.
“Қирғизистон маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад”
Барои пешгирии амалҳои ғайриқонунии қирғизҳо ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти маҳаллии Қирғизситон вохӯрӣ ба нақша мегиранд, аммо ҷониби дигар ба вохӯрӣ ҳозир нашуда, ба ҷониби аҳолии осишта тир кушодааст.
“Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомадааст. Ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қади пули дар боло зикр шуда (275 метр) мавқеъи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонӣ.
Маркази матбуотии марзбонӣ қайд кардааст, ки ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҳарбиву техникӣ оварданд. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон намуд, парвозҳо анҷом дода истодаанд.
“Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейки дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад”, – мегӯяд марзбонӣ.
Ҷониби Қирғизистон чӣ мегӯяд?
Ҷониби Қирғизистон дар ҷавоб ба изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки тоҷикистониён бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд ва коркунони ҳарбиаш бо истифода аз силоҳ тир кушоданд.
Ҳамчунин, ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро дар оғоз кардани тирпарониҳо муттаҳам карда, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро рад карда гуфтааст, ки “баръакс Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои назорати марз истифода карда истодааст”.
“Низомиёни тоҷик ба маҳалли истиқрори низомиёни Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон дар минтақаи Кочо-Бою бо истифода аз миномёт тир холӣ карданд, ки дар натиҷа хонаи як шаҳрванди Қирғизистон оташ гирифтааст”, – гуфтаанд дар хадамоти марзбонии ин кишвар.
2 кушта ва зиёда аз 25 захмӣ
Дар натиҷаи муноқиша аз ҳарду ҷониб то ҳол аз 2 кушта ва ҳиёда аз 25 захмиён хабар доданд. “Азия-Плюс” дар такя ба манобеи худ хабар дод, ки дар даргириҳои марзии шоми 27-уми январ аз ҷониби Тоҷикистон 17 нафар захмӣ ва 2 нафар ҳалок шудааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак кардаанд.
“То ин дам як шаҳрванди Тоҷикистон Обидҷон Туйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аз шиллики гулӯла кушта шуд. Аз миёни захмиҳо ду нафар кормандони масъули ҳукумати Исфара, яке Некрӯз Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумат ва дигаре Искандар Маликӣ, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи шаҳрдори Исфара, мебошанд. Нафари аввали аз ноҳияи китф ва думуӣ аз пой тир хӯрдаанд”, – менависад ин расона.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки пойгоҳи хабарии 24.kg нашр кардааст, аз ҷониби ин кишвар дар ин даргириҳоро 7 нафар захмӣ шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода: “даргирӣ қатъ шуд ва неруҳо берун бурда мешаванд”
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар як мусоҳибаи кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки даври ибтодии музокирот ба анҷом расид ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки неруҳоро аз манотиқи марзӣ берун мебаранд.
“Дар гуфтушунид ба мувофиқа расидем, ки ҳама қувваҳои иловагии ҷангӣ, ки аз ду ҷониб овардашуда буданд, ба ҷойҳои доимиашон баргардонида мешаванд. Комиссияи муштарак таъсис дода шуд, тартибот дар хати сарҳадро неруҳои посбонии дуҷониба пурра назорат мекунанд, осоиштагии мардуми маҳаллиро таъмин мекунад”,-гуфт раиси вилоят.
Дар ин музокирот раиси вилоятро, сардори раёсатҳои КДАМ ва ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳрдори шаҳри Исфара ва дигар шахсони аввали мақомоти масъул ҳамроҳӣ мекунанд.
Раиси вилояти Суғд гуфт, ки маълумоти ниҳоӣ дар бораи захмиён ва кушташудагони даргириҳоро дар даст надорад ва мақомоти масъул ин маълумотро дақиқ карда ба расонаҳо мерасонанд.